Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис аз хизматҳои шоёни таҳсини Алишер Мирзонабот, раиси марҳуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷасадаш субҳи 30 июн аз дарёи Панҷ дарёфт шуд, ёдовар шуда, ба поси хотири ин фарзанди содиқи Ватан дақиқаи хомушӣ эълон намуданд.
