Ба истифода додани Корхонаи коркарди шири ҶДММ Шири Ҷайҳун

Posted Thu, 12/25/2025 - 09:59
By shahnavoz

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Ба истифода додани майдони танкронӣ ва 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Posted Wed, 12/24/2025 - 19:00
By shahnavoz

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Posted Wed, 12/24/2025 - 15:24
By shahnavoz

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон, ки ҷузъи Гурӯҳи Анадолу  мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Ба истифода додани корхонаи саноатии Покиза М дар шаҳри Душанбе ва ифтитоҳи фосилавии 3 корхонаи парандапарварӣ

Posted Wed, 12/24/2025 - 15:07
By shahnavoz

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Покиза М-ро ба истифода доданд.

Ифтитоҳи фосилавии Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе

Posted Wed, 12/24/2025 - 15:03
By shahnavoz

Бинои нави боз як иншооти дар рушд ва шукуфоии пойтахт нақшгузор – Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе низ дар ҳамин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд.

Иншоот, ки бо риояи унсурҳои муосири миллӣ қомат афрохтааст, ҳусни ин гӯшаи қалби Тоҷикистон – Душанберо боз ҳам афзун намуд.

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе

Posted Wed, 12/24/2025 - 15:00
By shahnavoz

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ доданд, бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе дар маҷмуъ дорои 80 ҳуҷраи кории барҳаво буда, барои кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити муҳими кору фаъолият фароҳам оварда  шудааст.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Posted Wed, 12/24/2025 - 10:02
By shahnavoz

22 декабри соли 2025, дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

Зарурати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таъкид гардид.

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Posted Mon, 12/22/2025 - 17:50
By shahnavoz

22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федаратсияи Русия вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари кишвари мизбон ва дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.

Роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳод маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башариро баррасӣ намуданд.

Боздид аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж

Posted Mon, 12/22/2025 - 17:48
By shahnavoz

22 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия якҷо бо дигар сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла Осорхонаи давлатии Эрмитаж боздид намуданд.

Дар осорхонаи Эрмитаж Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.