Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилотитомактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таҳсилоти томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
