Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон» дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро дар деҳоти Булёни поён ба истифода доданд.
Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон бо кормандони соҳаи маориф ва илм, ки рӯзи якуми сентябри соли равон сурат гирифта буд, бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар мудати як моҳ омода карда шуд.
