Ифтитоҳи роҳи автомобилгарди Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт
20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук - Темурмалик - Кангуртро расман ифтитоҳ намуданд.
Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил дода, дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.
