Cуханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим
Ҳамватанони азиз!
Ба кулли сокинони ватандӯсту матиниродаи ноҳияи Ишкошим ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – барои истиқболи самимӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Ҳадафи сафари кории мо ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим аз наздик шинос шудан бо вазъи воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва шароити зиндагии мардум мебошад.
