Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи ноҳияи Ишкошим
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ишкошим ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи муваққатӣ воқеъ дар деҳаи Дашт сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
