18 ва 19 июл бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Posted Fri, 07/17/2026 - 14:06
By shahnavoz

18 ва 19 июл бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Зафаробод ва Темурмалик баргузор мегарданд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 18 июл дар Боғи кӯдакон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор мешавад.

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия

Posted Tue, 07/14/2026 - 11:30
By shahnavoz

Муҳтарам кормандони мақомоти адлия!

Дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани бинои нави Вазорати адлияро, ки натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ мебошад, ба ҳамаи шумо табрик мегӯям.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаккули давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳадафи асосии ҷомеаи мо эълон гардида, заминаҳои устувори рушди низоми ҳуқуқӣ ва волоияти қонун гузошта шуданд.

Мулоқот бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар

Posted Tue, 07/14/2026 - 11:28
By shahnavoz

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои иншооти нав бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони мулоқотро ба муносибати ифтитоҳ гардидани бинои нави Вазорати адлия табрику таҳният гуфтанд.

Мавриди истифода қарор додани бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Tue, 07/14/2026 - 09:46
By shahnavoz

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду қисм иборат буда, дар бинои 1-ум ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои маҷлисӣ, машваратӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хизматӣ, компютерӣ, видеоконференсия ва мисли инҳо ҷойгир карда шудааст.

Мулоқот бо намояндагони се ширкати металлургии Чин

Posted Fri, 07/10/2026 - 09:56
By shahnavoz

9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди саноати металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак, шиша ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар

Posted Fri, 07/10/2026 - 09:55
By shahnavoz

9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд.

Суханронӣ дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Fri, 07/10/2026 - 09:54
By shahnavoz

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз мо бори дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омадаем, то бо ҷараёни корҳои сохтмони яке аз муҳимтарин иншооти саноатии мамлакат – корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» аз наздик шинос шавем.

Моҳи апрели соли гузашта мо ба сохтмони ин корхонаи азим оғоз бахшида будем.

Он вақт таъкид карда будам, ки бунёди ин иншоот сохтмони танҳо як корхона нест, балки оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва гузоштани заминаи металлургияи миллии Тоҷикистон мебошад.

Гузоштани санги асос ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Fri, 07/10/2026 - 09:53
By shahnavoz

9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи оҳак ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶСП Комбинати металлургии Тоҷик тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сементро то соли 2029 сохта ва ба истифода диҳад.

Боздид аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дар кони Шоҳқадам-чашма дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Fri, 07/10/2026 - 09:51
By shahnavoz

 

9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.

Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад:

 Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳила истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва он моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид.

Ифтитоҳи ҶДММ Сайри Суғд дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд

Posted Wed, 07/08/2026 - 19:28
By shahnavoz

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сайри Суғдро мавриди истифода қарор доданд.

Самти фаъолияти ҷамъият асосан ба истеҳсоли мошинҳои хурди барқии боркашонӣ, дучарха ва истеҳсоли 18 намуд бозичаи кӯдакона  равона гардидааст.