Муаррифии 6 лоиҳаи роҳ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешаванд
27 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.
Марҳилаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон - Варшез аз Дашти Шипад то Пастхуф 82,2 километрро дар бар мегирад. Лоиҳа қисми долони байналмилалии нақлиётии Душанбе-Кулма-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Роҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.
