Суханронӣ дар Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ

Posted Tue, 11/12/2024 - 12:14
By shahnavoz

Муҳтарам Раис, Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд,

Валиаҳд ва Раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ,

Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!

Шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқи мо гардидааст.

Пайомадҳои фоҷеабори амалиётҳои ҳарбӣ дар навори Ғаза ва Лубнон минтақаро дар руёрӯи бӯҳрони бесобиқаи гуманитарӣ қарор додаанд.

Иштирок дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ дар шаҳри Риёз

Posted Tue, 11/12/2024 - 12:13
By shahnavoz

11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби  Арабистони Саудӣ барои ҳусни пазироӣ ва сатҳи баланди барпо кардани ин ҳамоиш изҳори сипос карданд.

Сарвари давлати мо баргузории онро барои баррасии вазъ дар Фаластин ва Лубнон иқдоми саривақтӣ ва муҳим шумурданд.

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:18
By shahnavoz

10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд.

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:17
By shahnavoz

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини Амири минтақаи Риёз шоҳзода Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сауд ва намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ самимона пазироӣ карданд.

Сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:17
By shahnavoz

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:16
By shahnavoz

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Левакант, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомиро натиҷагирӣ намуда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳо баҳри истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифаҳои нав гузоштанд.

Ба истифода додани бинои қасри фарҳанг дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:15
By shahnavoz

9 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи фарҳанг аз ду ошёна ибора аст. Он дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия зебогии хоса зам мекунад.

Бинои қасри фарҳанг аз ҷумлаи иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи 35-солагии Исиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он бо харҷи 18,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Муаррифии лоиҳаҳои бунёди варзишгоҳ барои 10 ҳазор ҷойи нишаст ва такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:14
By shahnavoz

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи ангоравии иншооти варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, шинос шуданд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти варзишӣ дар масоҳати наздики 21 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ хоҳад буд.

Пардабардорӣ аз муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:13
By shahnavoz

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Ифтитоҳи бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:12
By shahnavoz

9 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Иншоот, ки аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст, барои фароҳам овардани шароити арзанда ба кормандони нозироти андоз дар масоҳати умумии 1 ҳазору 230 садяк замин сохта шудааст.

Бинои нав дорои 14 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи техникӣ ва як толори маҷлисӣ бо 65 ҷои нишаст мебошад.