Нашри мусоҳиба бо Мудири кулли Агентии иттилоотии Кувайт дар расонаҳои кувайтӣ ва минтақа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари худ ба Кувайт ва иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” бо мудири кулли Агентии иттилоотии Кувайт доктор Фотима ал-Солим мусоҳиба доир карданд.
